Киҳо метавонанд камари бехатариро набанданд?

Ронандаи транспорте ки дар сохти таҷҳизотҳои худ камари бехатари дорад маҷбур аст камарро бандад. Вале ба баъзе тоифаи савораҳо танҳо дар баъзе ҳолатҳои узрию изтирорӣ набастани камар ҷоиз аст. Масалан:

🟠 Бачаҳои то синни 12-сола, ки дар нишастгоҳҳои қафои худрав менишинанд, ҳоҷат ба бастани камар надоранд

🟠 Агар ронанда навомӯз бошад, устоди ӯ, ки дар паҳлӯяш менишинад, камар намебандад

🟠 Хонумони ҳамлдор, инчунин ашхосе ки вазъи саломатии эшон ба бастани камар мусоидат намекунад

🟠 Ронандаҳое ки ба қафо ҳаракат мекунанд

🟠 Ронандаҳое ки дар нуқтаҳои аҳолӣ ҳаракат менамоянд — таксиҳои самтдор, инчунин, савораҳои қафои таксӣ

🟠 Ронанда ва савораҳои тарнспорте ки дар қисми берунии худ расмҳои графикии махсус доранд

Асос: Қоидаи ҳаракати роҳ, банди 9-ум

Хизмати ахбории Шӯъбаи бехатарии роҳи Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ