Аҳолии Ӯзбекистон аз 35 миллион зиёд шуд

Тибқи маълумоти омори давлатӣ, бино ба нишондоди санаи 1 -уми октябри соли 2021 дар мамлакат шумораи умумии аҳолии Ӯзбекистон 35 миллиону 79,2 нафарро ташкил мекунад. Бояд гуфт, ки шумораи аҳолии Ӯзбекистон нисбати соли гузашта 2 фоиз, дар давоми 30 сол бошад ба 13,9 миллион нафар афзудааст.

Инчунин, Кӯмитаи омории давлат қайд менамояд, ки Самарқанд аввалин ҳудудест дар Ӯзбекистон, ки аз 4 миллион зиёд аҳолӣ пайдо кардааст. Аз 4 миллион нафари мазкур 1 991,7 ҳазор нафарашон зан ва 2 017,1 ҳазор нафарашон мард мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ