Нерӯҳои мусаллаҳи СПАД дар назди марзи Афғонистон размоиши муштарак баргузор мекунанд

Рӯзҳои 18-23 октябр дар назди марзи тоҷику афғон бо иштироки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус ва Тоҷикистон, ки аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд, таҳти шиори “Эшелон-2021” размоиши (машқҳои ҳарбӣ) муштарак баргузор мешавад.
Бино ба хабари Кун.уз ба нақл аз Интерфакс, дар размоиш беш аз 500 нафар низомии ин чор кишвар иштирок хоҳанд кард.
Низомиён дар размоиш таъминоти моддиву техникии нерӯҳои зиддитеррористиро машқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, дар моҳи октябр размоиши нерӯҳои иттилоотии (разведка) СПАД низ дар Тоҷикистон барпо мегардад. Дар ин размоиш беш аз 400 нафар низомии кишварҳои зикршуда иштирок хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ