СММ: Иқтисоди Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ аст

Намояндаи барномаи ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон зимни таъкид бар авоқиби вайронгари масдуд шудани дороиҳои Афғонистон тасреҳ кард иқтисоди ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ аст.

Мэри Эллен Мак Гротти, намояндаи барномаи ҷаҳонии ғизоии Созмони милали муттаҳид дар Афғонистон дар нишасти хабарии маҷозӣ, ки дар Кобул баргузор шуд нисбат ба шиддат гирифтани буҳрони инсонӣ дар ин кишвар бо “суръати бовар накарданӣ” ҳушдор дод.

Вай зимни ишора ба ин ки 18 миллион нафар дар Афғонистон ниёзманди кумакҳои башардӯстона ҳастанд, гуфт: 14 миллион нафар, яъне аз ҳар 3 афғон як нафар амнияти ғизоӣ надоранд, 2 миллион кӯдак низ бо камбуди ғизо мувоҷеҳ ҳастанд.

Мак Гротти бо таъкид бар авоқиби вайронгари масдуд шудани дороиҳои Афғонистон пас аз тасаллути Толибон бар ин кишвар дар 15 август, тасреҳ кард: Иқтисоди Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ аст.

Вай бо ишора ба ин ки афғонҳо фақат метавонанд ҳафтае 200 доллар аз бонкҳо бардошт кунанд ва ҳуқуқи онҳо пардохт намешавад, гуфт: Мардум колоҳои хонагӣ ва фарши худро барои хариди ғизо мефурӯшанд, онҳо наметавонанд ҳар рӯз ғизо бихӯранд ва ваъдаҳои худро кам мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ