Майли Озарбойҷон ба барқарории равобит бо Арманистон

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон аз майли кишвараш барои барқарории равобит бо Арманистон хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории туркии Анадолу, Илҳом Алиев-раиси ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтааст, омодаи шурӯи музокирот барои ақди паймони сулҳ таъйини хати марзӣ ва кушодани роҳҳои иртибототӣ ҳастем ва ин раванд то ҳадде оғоз шудааст .

Алиев дар дидор бо Питер Мичолко- намояндаи ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо дар Боку ҳамчунин дар суханони интиқодӣ бо ишора ба ҳамкории наздики ду тараф дар ҳавзаҳои мухталиф, гуфтаст, интизор доштем баъд аз давраи ҷанги Қарабоғ Иттиҳодияи Аврупо дар тавсеъаи роҳандозии сулҳи пойдор ва ҳамкорӣ саҳме бар уҳда бигирад.

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар идома муддаӣ шудааст, ки ба таври куллӣ вазъият дар Қафқози ҷанубӣ мумкин аст ба навъи комилан ҷадид, ки монанди 30 соли гузашта набошад, тағйири шакл диҳад, ки метавонад омили муҳимме барои субот, пешбинипазирӣ ва сулҳ бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ