Шарҳи СҶБ дар бораи оқибатҳои ногувори бемории COVID-19

Созмони Ҷаҳониии Беҳдошт (СҶБ) дар торномаи худ барои бори нахуст оқибатҳои ногувори бемории ковид ё синдроми беъди COVID-ро шарҳ дод.
Онро ҳамчунин (COVID-и дарозмуддат) низ меноманд. Ҳадди аққал 10-20 дарсади беморон ҳамин давраро аз сар мегузаронанд.
Оқибатҳои ногувори беморӣ пас аз се моҳи сиҳатёбӣ пайдо мешаванд ва тақрибан ду моҳ давом мекунанд.
Вазъи сиҳатии инсон метавонад дар ин давра чанд маротиба беҳбуд ёбад ё бад шавад, шарҳ медиҳанд коршиносони СҶБ.
Нишонаҳои асосии синдроми баъди ковидӣ — хастагии аз ҳад зиёд, нафастангӣ, пайдо шудани нишонаҳои ошуфтагӣ, ихтилол ва дигар аломатҳое, ки ба зиндагии ҳаррӯзаи инсон халал мерасонанд, мебошанд.
Пештар ғизошиноси рус маҳсулоти маъмулеро номбар кард, ки ба саломатии инсон зарар дорад.
Ин ғизо — офтобпараст будааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ