Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад

Автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд. Хатсайр аз водии Фарғона мегузарад.
Дар ин бора номзад ба президентӣ аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар додааст, менависад котиботи раисиҷумҳур.
«Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд», — гуфт президенти Ӯзбекистон.
Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон, Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки айни замон ҳаракати автобусҳои байни Тошкант, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистону Тоҷикистон бинобар пандемия қатъ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ