Ниқоб


Ҷуброн Халил Ҷуброн

Ин достони ман аст барои ҳар касе ки дӯст дорад бидонад, чӣ гуна девона шудам.
Дар рӯзҳои бисёр дур ва пеш аз он ки бисёре аз худоён мутаваллид шаванд, аз хоби амиқе бархостам ва дарёфтам, ки ҳамаи ниқобҳоям дуздида шудааст.
Он ҳафт ниқобе, ки худ бофта будам ва дар ҳафт давраи зиндагонӣ бар рӯи замин бар чеҳра задам.
Лизо бе ҳеч ниқобе дар хиёбонҳои шулуғ шуруъ ба давидан кардам ва фарёд задам:

  • Дуздҳо! Дуздҳо! Дуздҳои лаънатӣ!
    Мардҳову занҳо ба ман хандиданд ва бархе аз онон низ ба ваҳшат афтоданду ба суи хонаҳояшон гурехтанд.
    Чун ба майдони шаҳр расидам, ногаҳон ҷавоне, ки бар боми яке аз хонаҳо истода буд, фарёд баровард:
  • Эй мардум! Ин мард девона аст!
    Сарамро боло бурдам, то ӯро бубинам, аммо хуршед барои нахустин бор бар чеҳраи бениқобам бӯса зад ва ин барои нахустин бор буд, ки хуршед чеҳраи бениқоби маро бӯсид. Пас ҷонам дар муҳаббати хуршед мултаҳиб шуд ва дарёфтам, ки дигар ниёзе ба ниқобҳоям надорам ва гӯйӣ дар ҳолати беҳушӣ фарёд баровардаму гуфтам:
  • Муборак бод! Муборак бод он дуздоне, ки ниқобҳоямро дуздиданд!
    Инчунин буд, ки девона шудам, аммо озодиву наҷотро дар ин девонагӣ бо ҳам ёфтам:
    Озодӣ дар танҳоӣ ва наҷот аз ин ки мардум аз зоти ман огоҳӣ ёбанд, зеро онон ки аз зоти даруни мо огоҳ шаванд, мекӯшанд то моро ба бандагӣ кашанд. Аммо набояд барои наҷотам бисёр муфтахар шавам, зеро дузд, агар бихоҳад аз дуздони дигар амният ёбад, бояд дар зиндон бошад!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ