Дар Русия дар 24 соати гузашта аз коронавирус 924 нафар фавтиданд. Дар дигар кишварҳо чӣ гап?

Мубталоён ба коронавирус дар саросари олам субҳи имрӯз, 8 октябр 237 миллиону 485 ҳазору 561 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 847 ҳазору 338 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ то кунун 214 миллиону 561 ҳазору 273 нафар ҷон ба саломат бурдаанд.

Дар Русия шабонарӯзи гузашта боз 27 550 гирифтори нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, рӯзе қабл 25 133 сироятшудаи нав сабт шуда буд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 7 миллиону 690 ҳазору 110 нафар ба COVID-19 сироят шуда, 213 ҳазору 549 нафар ҷон бохтанд. Танҳо зарфи 24 соати гузашта 924 нафар фавтиданд.

Украина аз сирояти боз 15 125 нафар ба COVID-19 хабар дод. Дар хабари вазорати тандурустӣ гуфта мешавад, ки аз миёни ин ҳама 1421 нафарашон кӯдакон ва 341 тани дигар кормандони тибб мебошанд.

Дар Гурҷистон шабонарӯзи гузашта аз 31 ҳазору 828 санҷиш 2228 нафар гирифторони нав ба COVID-19 ошкор шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар Гурҷистон 9162 нафар бар асари гирифторӣ ба коронавирус фавтидаанд.

Дар Белорусия 1983 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори мубталоён аз аввали пандемия ба 551 800 нафар расид.

Вазорати тандурустии Бразилия хабар дод, ки 60% аҳолии калонсоли ин кишвар зидди коронавирус ваксин гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон иттило дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳодисаи мубталоӣ ба COVID-19 сабт нашуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ