Миёни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд

Миёни вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд. Ин нуктаро 7-уми октябр Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё иброз дошт, хабар медиҳад Маркази матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Мавриди зикр аст, ки айни замон бо сабаби пандемия ҳаракати автобусҳо миёни Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон қатъ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 26-27-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба нақлиёти автомобилӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов ва муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода доир гардид.
Зимни ҷаласа масоили ҳамкории дучониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ дар сами мусофирбарӣ ва транзит, ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мақсади содагардонии раванди ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас оид ба масоили муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро муовинони вазирони нақлиёти ҳар ду кишвар Шоиста Саидмуродзода ва Даврон Деҳқонов ба имзо расониданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ