СТРАТЕГИЯИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ – СУТУНИ ИҚТИСОДИЁТ

Дар солҳои охир, ки соҳаи иқтисодиёти миллиамон дар маърази ислоҳоти пайгирона, дигаргуниҳои муҳим, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳо қарор дорад, торафт равнақ меёбад. Эътирофи комёбиҳо, ҳаллу фасли онҳо ва зарурати гузош­тани иқдоми муҳим ба оянда бошад, аз шартҳои асосии фаровонҳолии халқ маҳсуб меёбад.
Албатта, дар ин росто то куҷо самара додани ислоҳот, вазифашиносӣ ва масъулият бояд дар мадди назари мо бошад.
Тасмим гирифтем, ки дар поён ба ҷиҳатҳои муҳими он рӯйи эътибор гардонем.

Барқарории буҷети давлатӣ таъмин гардид

Якум, барқарории буҷет таъмин, мазилнокии хароҷот ва самарабахшии он зиёд мегардад.
Дуюм, доир ба ошкороии буҷет корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ гардиданд ва мегарданд. Ин, қабл аз ҳама, ба афзун гардидани ҳисоботдиҳии идораҳои давлатӣ дар назди халқ хидмат менамояд.
Сеюм, дар ҷараёни ташаккулёбии буҷет бо роҳандозии низоми «буҷети ташаббусдор», бино ба таъмини иштироки аҳолӣ тибқи ташаббусҳои онҳо, барои ҳаллу фасли мушкилоти мухталифашон замина фароҳам меояд. Хусусан, тавассути низоми мазкур аз шаҳрвандон беш аз 41 ҳазор пешниҳод ба миён гузошта шуд ва дар овоз додан ба онҳо 1,1 миллион нафар иштирок карданд. Ин дар таърихи навтарини Ӯзбекистони нав яке аз дастовардҳо маҳсуб меёбад;
Чорум, тавассути афзудан ба фаъолияти мустақили мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ барқарории буҷетҳои маҳаллӣ таъмин мегарданд ва дар онҳо захираҳои иловагӣ, яъне «маблағи пулӣ» ташаккул меёбад. Ин, дар навбати аввал, бобати сабук гардидани гарони аҳолӣ дар минтақаҳо ва пиёда кардани орзуҳояшон сабаби асосӣ мегардад. Танҳо дар соли 2020, сарфи назар аз шароити мураккаби пандемия, иҷрои даромади буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба пешбинӣ беш аз 2,7 триллион (ё ба 10 фоиз) иҷро шудааст.
Қаробатҷӯйии одилона дар сиёсати андоз
Озодона гуфта метавонем, ки ислоҳоти андоз ба маънои томаш ба нуқтаи гардиши ислоҳоти иқтисодӣ табдил ёфт. Ба туфайли сиёсати оқилонаи роҳбари давлат, иродаи сиёсӣ ва иқдомоти қатъии ӯ имрӯз дар низоми андоз корҳои назаррас ба амал татбиқ мешаванд.
Қабл аз ҳама, кодекси андоз ба тасвиб расид, навъҳои андоз ихтисор ва ставкаҳои он паст карда шуд. Бо вуҷуди ин, воридот ба буҷети давлатӣ мунтазам зиёд мегардад. Танҳо дар соли 2020, сарфи назар аз пандемия, нақшаи даромадҳои буҷет ба беш аз 4,2 триллион (нақша 128,7; иҷро 132,9) иҷро шудааст. Умуман, ба туфайли самарабахшии ислоҳоти андоз дар соли 2020 – (132,9) нисбат ба даромадҳои буҷети соли 2018 (79,1) ба 1,7 баробар афзудааст.
Аз ҳама муҳимаш, дар соҳаи андоз муносибат ба соҳибкор тағйир меёбад ва имрӯз «идораҳои андоз ба ёварони соҳибкорон» табдил ёфтаанд. Ба ҷуз ин, дигаргуниҳои куллии соҳа ба боварии соҳибкорон меафзояд.
Дар давраи пандемия, вақте сартосари дунё ва мамлакатамон, бар асари беҳаракатӣ, рӯ ба инқироз овард, Президентамон барои пешгирии оқибатҳои номатлуб саривақт чанд қарор ва фармон доир намуд, ки дар натиҷа вазият андаке ба эътидол омад.

Дигаргуниҳои мусбат дар муомила бо пул

Пӯшида нест, ки соли 2017 ба туфайли ташаббус, иродаи сиёсӣ ва мавқеи қатъии Президент дар мамлакатамон сиёсати асъор озод карда шуд, конвертатсияи он доираи имкониятҳои соҳибкоронро вусъат бахшид.
Даврҳое буданд, ки конвертатсияи озоди асъорро танҳо орзу мекардем. Имрӯз он, тибқи қонуни бозор бино ба талабу пешниҳодҳо, ба амал татбиқ мегардад. Ба туфайли ислоҳоти дар ин самт татбиқгардида, маблағгузорони хориҷие, ки рӯзгоре монеаҳои бюрократиро пушти сар гузошта натавониста, ба ҳамааш даст афшонда рафта буданд, баъди мӯътадил гардидани муҳит дар Ӯзбекистон баргашта омаданд. Бояд қайд кард, ки дар ин самт се қадами муҳим гузошта шуд. Якум, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ озод гардид, монеаҳои маъмурӣ аз роҳи тиҷорат бардошта шуданд. Дуюм, барои овардани технологияҳои нави замонавие, ки ҷавобгӯйи талаби модернизатсия мебошанд, имконият фароҳам гардид.
Сеюм, ба шаҳрвандони мамлакатамон, сарфи назар аз шакли мулкдорӣ, дар ҳамаи корхонаҳо шароити якхела фароҳам оварда шуд.
Дар баробари ин, мушкили вобаста ба картаи пластикии бонк, ки дар ҳаёти рӯзмарра ба кор меояд, то наздикиҳо вуҷуд дошт. Теъдоди шаҳрвандоне, ки аз баҳри як қисми моҳона баромада, маблағи дар картаи пластикӣ доштаашонро ба пули нақд табдил медодагиҳо кам набуданд. Ин ҳама магар бар асари ислоҳоти дар соҳаи муомила бо пул татбиқгардида ҳаллу фасли мусбати худро наёфт? Ҳоло дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо мушкили пули нақд вуҷуд надорад. Терминалҳо шабу рӯз кор мекунанд. Магар ин ҳама меваҳои ислоҳоти иқтисодӣ нестанд?

Нуфузи мо дар арсаи байналхалқӣ

Ӯзбекистон бобати баланд бардоштани мавқеи худ дар арсаи байнахалқӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Агентиҳое, ки рейтинги миллии моро муайян менамоянд, ба ислоҳотамон баҳои сазовор медиҳанд. Аз он ки Ӯзбекистон сиёсати ошкороро пеш гирифтааст, дар арсаи байналхалқӣ ба обрӯю эътибори худ меафзояд. Агар одитар гӯем, Ӯзбекис­тон дар майдони хориҷӣ дар қиёфаи ҳамкори эътимодбахш рӯ менамояд. Ӯзбекистон қодир аст, ки комёбтар гардад.
Аз нашрияҳои бонуфузтарини дунё – маҷаллаи «Экономист»-и Бритониёи Кабир дар соли 2019, бино бар шиддат пайдо кардани тадбиқи ислоҳот дар Ӯзбекистон, кишвари моро «Мамлакати сол» эълон карда буд. Ҳамчунин, дар рейтинги бонкии ҷаҳонӣ – «Doing Dussintss», яъне «Роҳандозии тиҷорат», дар бахши ислоҳот аз сафи мамлакатҳои пешқадам мавқеъ гирифтани Ӯзбекис­тон низ фикри моро тақвият мебахшад.

Соҳаи рушднокарда намонд

Бояд таъкид кард, ки дар асоси нишондодҳои роҳбари давлат, бино ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, гувоҳи он мегардем, ки дар кишварамон соҳаю шабакаҳои пештар рушднаёфта, ба зинаи нави рушд баромадаанд. Ба тариқи мисол, соҳаи моҳипарвариро бигирем. Дар айни ҳол ба ҳар супермаркет ва дӯкони кишварамон дароед, мебинед, ки ҳатто ба таъбири халқ «моҳии сурх» (навъҳои лосос, сёмга, осётр)-е, ки як вақтҳо аз беруни кишвар бо асъори хориҷӣ оварда мешуд, имрӯз дар Ӯзбекистон парвариш меёбанд. Ислоҳоти пухта андешида шуда дар соҳаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, мисли чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, боғдорӣ ва дигар бахшҳо меваи худро медиҳад. Мақсад якто – таъмини аҳолӣ бо озуқавории босифату арзон. Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки асоси онро вазифаҳое, мисли розӣ кардани одамон, таъмини фаровонии аҳолӣ ташкил медиҳанд.

Тамоми навсозиҳо барои манфиати халқ

Мақсади аввалиндараҷаи ислоҳот таъмини фаровонии аҳолӣ мебошад. Бояд бигӯем, ки солҳои зиёд вуҷуд доштани қишри муфлиси аҳолӣ дар ҷамъиятамон пинҳон дошта мешуд. Мафҳуми камбағалӣ бо вожаву ибораҳои «камтаъмин», «қишри ниёзманд» хаспӯш мегардид.
Баъди роҳандозии механизми пурсамари мулоқот бо халқ, ҳақиқати ҳол, яъне одамон дар асл чӣ хел умр ба сар мебаранд, нуқтаҳои дарднокашон дар куҷост, ошкор гардид.
Омӯзишҳо нишон доданд, ки дар деҳот аксарияти аҳолӣ манбаи даромад надорад. Пас, қишри муфлис вуҷуд дорад. Тахминан 12–15 фоизи аҳолиро ташкил додани онҳо низ айни ҳақиқат аст. Яъне, тақрибан 4–5 миллион нафар аҳолӣ. Баъди ин, даст ба корҳои амалӣ зада шуд.
Даставвал, дар миқёси маҳалла, шаҳру ноҳия ва вилоят «дафтари ҷавонон» ва «дафтари занон» ташкил дода шуд. Дафтарҳои мазкур ба ҳокимон, роҳбарони сектор ва созмонҳои мутасаддӣ имкон дод муайян кунанд, ки дар минтақаҳо ворисони ояндаи мо, намояндагони ҷинси латиф чӣ ҳол доранд ва бо назардошти ин чораҳо андешанд.
Одатан одамони бекор, барои соҳиби касбу ҳунар шудан, пули зиёдатӣ надоранд. Давлат бо назардошти ин, ба додани кӯмаки моддӣ ба ҷавонон ва занон шурӯъ кард. Маблағи ҷудогардида баҳри созмон додани ҳазорҳо марказҳои таълими ғайридавлатие, ки тибқи талаби бозор касбу ҳунар меомӯзанд, хидмат мекунад.
Соли 2020 метавон гуфт, ки барои тамоми инсоният соли санҷишу имтиҳонҳо буд. Талафот калон, бохтҳо зиёд, асоратҳо бошанд, басе гарон буданд. Аммо дар ин вазъияти мушкил одамизод як чизро омӯхт: дар ҳар гуна вазъият барои ҳаёт мубориза бурдан, пеш рафтан.
Дуруст, дар айни авҷи пандемияи коронавирус ҳама дар хона «монданд». Яъне, барои ранҷ накашидан аз «душмани ноаён» аксарият маҷбур шуданд, ки дар ҳисори хонадон умр ба сар баранд. Ба дари объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, муассисаҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ қуфл зада шуд. Ҳатто як қатор идораҳои давлатӣ низ низоми корашонро дигар карданд. Вале ҳаёт ист накард.
Аз ҳама муҳимаш, давлатамон, ҳукуматамон дар чунин як вазъияти мураккаб одамонро ба ҳоли худ нагузоштанд. Баръакс, оилаҳои ниёзманд ҳамаҷониба мавриди дастгирии манзилнок қарор гирифтанд.
Бо роҳи тақсим кардани пул коҳиш додани муфлисӣ – аксиомаи одӣ. Ба беҳ сохтани ҳаёти одамон тавассути соҳибкорӣ, рушди соҳаи таълим ва низоми ҳифзи тандурустӣ метавон ноил гардид. Рушди иқтисодӣ аз як тараф камбағалиро коҳиш диҳад, аз ҷониби дигар зиёд шудани муфлисӣ ба заъфи рушди иқтисодӣ меафзояд. Агар доираи имкони истифодабарии одамон аз ҳифзи тандурустӣ ва таълим маҳдуд гардад, онҳо торафт қашшоқ мешаванд, талаб дар иқтисодиёт коҳиш меёбад. Иқтисодиёт, дар навбати худ, ниёзи ба ходимони баландмалака доштаи худро қонеъ гардонда наметавонад. Дар натиҷа афзоиш суст мегардад.
Сарфи назар аз ин, соли 2020, вақте пандемияи коронавирус авҷ кард, ба ҳамаи қишри аҳолӣ кӯмаки иҷтимоӣ расонда шуд. Ҳеч кас дар канор намонд. Мисолан, дар оғози соли 2020 ҳар моҳ 552 ҳазор оила кӯмаки моддӣ гирифта бошад, ин нишондиҳанда дар моҳи июн 774 ҳазор ва дар моҳи июл 876 ҳазорро ташкил дод. Дар охири сол теъдоди оилаҳои бо нафақаи иҷтимоӣ фарогирифта ба 1 миллиону 200 ҳазор адад расид.
Ҷиҳати хурсандибахш он буд, ки соли равон низоми «дафтари оҳанин» ба зинаи нав бардошта шуд. Яъне, ба ҳамаи оилаҳои ниёзманди бино «Реестри иҷтимоӣ» фарогирифташуда дар шакли электронӣ беш аз 30 хидмати иҷтимоӣ расонда шуданд.

Нодир ҶУМЪАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи Ҳизби либерал-­декмократии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ