Иҷрои ҳар як барнома ва нақша зери назорат аст

Рӯзи 8‑уми октябр сессияи чилу чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал масъалаи тасдиқи сохтори ташкилии нави дастгоҳи идораи ҳокимияти вилоятро баррасӣ карданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 6‑уми июли соли 2021 «Дар бораи чораҳои фароҳам овардани муҳити муносибати бемуросо бар зидди ришва, якбора кам кардани омилҳои коррупсионӣ дар идораи давлат ва ҷамъият, инчунин васеъ кардани иштироки ҷамоатчигӣ дар он» ва қарори сарвари давлат «Дар бораи ташкили босамари фаъолияти мубориза бар зидди коррупсия» дар дастгоҳи идораи ҳокимияти вилоят шӯъбаи назорати дохилӣ бар зидди ришва ташкил карда шуд. Намояндагони халқ дар ин бора қарори ҳокими вилоятро тасдиқ карданд.
Аз сабаби ба кори дигар гузаштани сармутахассиси котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят М.Расулов аз вазифааш сабукдӯш гардид ва дар ин вазифа Ж.Жавинов фаъолият оғоз кард.
Дар сессия барномаи чораҳои ривоҷдиҳии ёрии ҷарроҳиро дар солҳои 2022–2023 дар вилоят тасдиқ карданд.
Дар барномае, ки барои иҷрои Қарори роҳбари давлатамон аз 4‑уми октябри соли 2021 «Дар бораи чораҳои трансформатсия кардани хизмати ҷарроҳӣ, беҳсозии сифати амалиётҳои ҷарроҳӣ дар ҳудудҳо ва васеъ кардани доираи он» таҳия гардидааст, вазифаҳои муҳим роҷеъ ба пешгирии бемориҳо дар самти ҷарроҳӣ, беҳтар кардани сифати ташхис ва табобат, ривоҷдиҳии илму фан, таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ва бозомӯзии кадрҳо муайян шудаанд.
Сипас, масъалаи мақсаднок ва босамар истифода бурдан аз манбаъҳои иловагии буҷети вилоят баррасӣ гардид.
Намояндагони халқ қарор карданд, ки аз ҳисоби манбаъҳои иловагии дар соли 2021 ташаккулдода, барои ривоҷдиҳии соҳаҳои таълим, тиббиёт ва кишоварзӣ, беҳдошти инфрасохтори ҳудудҳо, ба аҳолӣ расондани хизмати тиббии сифатнок ва дигар соҳаҳо 19 миллиарду 776 миллион сӯм ҷудо карда шавад.
Дар сессия роҳбари шӯъбаи назорати иҷрои ҳокимияти вилоят З.Раҳимов роҷеъ ба корҳое, ки барои таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10‑уми феврали соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани масъулияти шахсии роҳбарони органҳои идора ва идораҳои иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои босамар ташкил кардани иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ» ҳисобот дод.
Гуфта мешавад, ки аз тариқи системаи электронии «Ijro.gov.uz», ки бо фармоиши раисҷумҳури Ӯзбекистон ҷорӣ шуда буд, ба Самарқанд бар асоси 907 ҳуҷҷат 6 212 вазифа омад. 4 425‑тои ин вазифа саривақтӣ ва 801‑тои дигар дер иҷро шуд. 1 773 вазифа дар ҳоли иҷро шудан қарор дорад ва 14 вазифа бо сабабҳое иҷро нашудаанд.
Масъулоне, ки иҷрои вазифаҳоро беэътибор гузош­танд, огоҳӣ гирифтанд.
Сарвари садорати Бунёди нафақаи берун аз буҷаи вилоят А. Неъматов оиди иҷрои Қонуни Ӯзбекистон «Дар бораи таъмини аҳолии Ӯзбекистон бо нафақаи давлатӣ» гузориш дод.
Ӯ гуфт, ки то 1‑уми сентябри соли ҷорӣ шумораи нафақахӯрон дар вилоят 421 884 нафар буд. Дар 9 моҳи сол ба онҳо дар умум беш аз 2 триллиону 665 миллиард сӯм нафақа ва кӯмакпулиҳо пардохт шуд.
Ба гуфтаи А.Неъматов, 91,3 дарсади нафароне, ки ба садорат муроҷиат мекунанд, мақсади дарёфти нафақаи кӯдакон, ё кӯмаки моддӣ доранд. Ӯ афзуд, ки ҳоло нафақапулӣ ва кӯмакпулиҳо аз тариқи системаи «Рӯйхати ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ» муайян мешаванд ва барои фаҳмондани ин ба мардум бояд бештар корҳои тарғиботӣ амалӣ гардад.
– Таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳамин тавр аст: барои бо кор таъмин кардани шахси камбағал чора меҷӯянд, то вай манбаи доимии даромад дошта бошад. Ба касони солиме, ки кор намекунанду танҳо чашм ба ёрии моддии давлат дӯхтаанд, кор пешниҳод мекунем. Агар бо вуҷуди кор кардан зиндагии ӯ беҳтар нагардад, пас ёрии моддӣ медиҳем, дастгирӣ мекунем. Давре, ки кор накарда дар интизории ёрии моддӣ зиндагӣ мекарданд, ҳоло гузашт, – гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов.
Мудири шӯъбаи вилоятии Бунёди «Ёшлар – келажагимиз» Д.Набиев дар бораи иҷрои Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» ҳисобот дод.
Сардиректори корхонаи давлатии унитарии «Мароқанд обод» Ш.Насимов оиди таъмини иҷрои супоришҳое, ки дар қарори раисҷумҳур аз 6‑уми октябри соли 2020 – «Дар бораи таъмини самарбахшии лоиҳаҳои сармоягузорие, ки аз ҳисоби қарзи давлатӣ амалӣ мешавад», ҳисобот дод.
Дар поёни сессия оиди масъалаҳои баррасишуда қарорҳои вобаста қабул шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ