ТАРТИБИ ИСТИФОДА АЗ АСБОБҲОИ БАРҚИРО МЕДОНЕД?

Пеш аз он, ки ба сохтмон симро кашанд, симҳои изолятсиякардашударо ба тирак ё тросҳо амонат васл менамоянд, ки ин боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад.
Сими электр бояд аз ҷойи кор дар баландии 2,5 метр, гузаргоҳҳо 3 метр ва ҷойҳои убуркунӣ 6 метр гузаронда шавад. Агар кабел ва сими барқ аз замину фарш дар баландии аз 2,5 метр паст бошад, бояд ғами аз шикастёбӣ эмин мондани онро хӯрд.
Фурӯзонакҳои 110 ва 220 волтиро дар баландии аз 2,5 метр паст овехтан мумкин нест. Асбобу ускунаҳои изолятсиякарданашудаеро, ки аз худ ҷараёни электр мегузаронанд, бояд дар ҷойи бехатар ё дар хонаҳои махсуси электру техникӣ гузошт. Барои равшанидиҳандаҳои сайёр бояд аз фурӯзонакҳое истифода бурд, ки дар завод ба ҳамин кор пешбинӣ шудаанд. Фурӯзонакҳои сайёр қоби шишагӣ, қабати ҳимоякунанда ва овезакҳои махсус бояд дошта бошанд. Дар шароити сохтмон нерӯи барқ набояд аз 36 волт ва ҷойҳои хавфнок ( заҳ, чоҳ ва ҳ.) аз 12 волт зиёд бошад. Вақте кабелу симҳои барқӣ рӯйи ҳам мегузаранд, бояд ҷойҳои васлкардашуда ва сару нӯги урёни онҳо боварибахш изолятсия карда шаванд.
Ҳангоми истифода аз шабака ва асбобу ускунаҳои барқӣ, истифода аз симҳои хароб ва беизолятсия, аз таҷҳизоти гармидиҳии ғайристандартӣ (дастисохт), ба ҳоли худ гузоштани ҷойҳои васлшудаи кабелу сим манъ карда мешавад. Ҷойи урёни кабелу симҳо набояд ба конструксияҳои металлӣ расанд. Беназорат гузоштани асбобу ускунаҳои баландшиддати барқӣ, корбурди фурӯзонакҳои статсионарӣ ба сифати фурӯзонакҳои сайёр, истифода аз резетка, рубилник (олати қатъу васл кардани ҷараёни электр) ва дигар асбоби барқии носоз мумкин нест. Печондани фурӯзонакҳо бо коғазу газворе, ки эҳтимоли даргирифтанашон ҳаст, ба ҷойи кабелу симҳои барқӣ истифода аз симҳое, ки барои телефону радио пешбинӣ шудаанд, роҳ дода намешавад.
– Алҳол дар тамоми ҳудудҳои мамлакат корҳои сохтмон вуҷуд доранд. Баъзе иншоот дар назди мактабу боғчаҳо ҷойгир шудаанд. Сохтмончиён баъди анҷоми кор ба ҷобаҷо гузоштани симҳои электрикӣ ё дигар асбобу ускунаҳои хавфнок беэътиборӣ зоҳир менамоянд. Гувоҳи он шудаем, ки роҳгузарон, хусусан бачаҳо тахтаву чӯб, ҳар гуна симҳои электрикиро, ки парешон хобидаанд, зер карда мегузаранд, – мегӯяд сокини ноҳияи Чилонзор Д. Тағоева.
Баъди анҷоми кор дар сохтмон, дар корхонаҳо ва хонаҳо шабакаҳои барқӣ бояд аз ҷараёни электр қатъ карда шаванд. Марказонида шудани нуқтаи қатъи барқ аз заруратҳои ҳамешагист.
Дар урфият мегӯянд: “Касе, ки боғ бунёд мекунад, чораҳои ҳимояи онро низ меандешад”. Яъне ҳар як бинокор пеш аз бунёди биною иншоот, бояд тибқи тартибу қоидаҳои болоӣ, ба хотири пешгирии ҳолатҳои ногувор бо дастурҳои зарурӣ таъмин бошад. Дар ҳамон сурат метавон бо хотири ҷамъ кору зиндагӣ кард.

А. РАҲИМОВ,
инспектори шуъбаи 3-юми бехатарӣ аз сӯхтори Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ