Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан…

Дар доираи «Ҳафтаи пиронсолон» дар маҳаллаи Мирзо Улуғбеки ноҳияи Самарқанд тадбири бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Дар он, як гурӯҳ нурониёни рӯзгордида ва ҷавонони саодатманд ширкат намуданд.
Амини деҳа Муродҷон Фатҳуллоев ҳозиронро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба ҷонишини раис доир ба масъалаҳои оила, зану духтарон ва иҷтимоиву маънавии маҳалла Шоиста Наҷмиддинова дод.
Нотиқ дар баромади худ доир ба ислоҳоте, ки дар кишвари соҳибихтиёри мо бобати дастгирии ҳарҷонибаи пиронсолон, таъмини осоиштагӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо амалӣ мегарданд, ҳарф зад.
– Ҳоло дар гузари мо 2 906 нафар аҳолӣ истиқомат намуда, аз онҳо 350 нафар нафақахӯр, аз ҷумла 149 нафар пиронсолон мебошанд.
Замира Маъмурова, Аҳтам Ҳошимов, Равшан Исроилов, Саъдулло Насруллоев, Ҷӯрақул Эргашев барин нурониён дар корҳои ҷамоатӣ ва гузаронидани чорабиниҳои дигар фаъол иштирок мекунанд.
Дар поёни вохӯрӣ байни мӯйсафедон мусобиқаи шоҳмоту шашка ба вуқӯъ пайваст.
Инчунин, дар доираи ҳафтаи мазкур аз аҳволи баъзе беморҳои бистарӣ хабар гирифта, ба мӯҳтоҷон кӯмаки моддӣ расонида, шуд.

Баҳодури ЗОҲИР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ