Вохӯрии аввалини минтақавии иштирокдорони ҷанги афғон баргузор гардид

Дар шаҳри Самарқанд таҳти ҳамкории сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи «Ветеран»-и ҷанговарони собиқадор ва ногироидоштаи Ӯзбекистон аксияи ёрирасонии инсонпарваронаи якмаротибаина ба иштирокдорони ҷанги афғон гузаронида шуд.
Нахуст 120 нафар иштирокдори ҷанги афғон, ки аз вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Ҷиззах ва Самарқанд ҷамъ омада буданд, дар пояи Модари мотамсаро гулчанбар гузоштанд.
Тадбир дар базмгоҳи «Боғишамол» идома ёфт. Дар он дӯстони дерин дидор диданд, бо ҳам сӯҳбат оростанд.
Ёрдамчии калони атташеи ҳарбии сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Ӯзбекистон, полковник А.Машуков, роҳбари Иттиҳодияи «Ветеран»-и ҷанговарони собиқадор ва ногироидоштаи Ӯзбекистон Т.Муродов ба иштирокдорони ҷанги афғон ва наздикону пайвандони онҳое, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, ба миқдори 200 доллари амрикоӣ ёрии инсонпарваронаи Федератсияи Россияро тақдим карданд.
– Бо баҳонаи вохӯрии минтақавӣ, ки бори аввал ташкил мегардад, ба дидори аксари дӯстони ҳамяроқи худ, ки дер боз надида будам, расидам, – гуфт меҳмон аз ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё Алимардон Бобониёзов. – Аз Афғонистон баргашта, дар автоколоннаи ҳарбии ҳудудамон 43 сол ба ҳайси ронанда кор кардам ва ба нафақа баромадам. Дар вохӯрии имрӯза дӯстони худро, ки дар ҷанг ҳалок гардида буданд, ба хотир овардем.
Дар тадбир сокини маҳаллаи Сӯзангарони шаҳри Самарқанд Аъзам Тӯхтаев, ки дар ҷанг ҳалок шуда буд, ба ёд оварданд ва барои ҷасорати ӯ ба модараш Кимиё Тӯхтаева сипосгузорӣ ва мукофоти пулиро тақдим карданд.

Ҳусан ЭЛТОЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ