Имрӯз ҷамъомади навбатии раёсати Маркази миллӣ — мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд баргузор гардид.

Дар он раиси марказ Акбар Маҳмудов дар бораи фаъолияти нӯҳмоҳаи марказ ҳисобот дод.Таъкид гардид, ки дар ин давр дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» чанд чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла бахшида ба А. Деҳотӣ, Ҳ.Юсуфӣ ва дигарон тадбирҳо гузаронида шуданд.Чанд муаммо, аз ҷумла ташкили имтиҳонҳо дар муассисаҳои таълими олӣ ба забони тоҷикӣ амалӣ гардид ва имсол довталабони тоҷик ба забони модарии худ тест супорида ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Дар ҷамъомад масъалаи интихоби котиби марказ низ мавриди муҳокима қарор ёфт. Яке аз фаъолони марказ Шаҳло Аҳророва бо як овоз котиби марказ интихоб шуд. Профессорон А. Қамарзода, Ҷ. Ҳамроев, сармуҳаррири рӯзномаи» Овози Самарқанд» Б. Раҳмонов, аъзои раёсат А. Воҳидов, Т. Шобаротов ва дигарон дар баромади худ гуфтанд, ки дар натиҷаи сиёсати оқилонаи имрӯзаи Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев чунин муваффақиятҳо ба даст оварда шуданд.
Инчунин А. Маҳмудов хабар дод , ки марказ ба миқдори 30 — миллион сӯм гранти давлатӣ гирифтааст ва дар бораи нақшаи сарфи он маълумот дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ