Нахустин музокираҳои Толибон бо ИМА баъди тасарруфи Кобул

Толибон баъди ба сари қудрат омадан дар Афғонистон бо ИМА нахустин музокираҳоро барпо кард. Ин музокираҳо рӯзҳои 9-10 октябр дар пойтахти Қатар – Дӯҳа баргузор шуд.
Сухангӯи Департаменти давлатии ИМа Нед Прайс пас аз мулоқот бо «Толибон» аллакай дар ин бора як изҳороти хаттӣ дод.
Ӯ гуфт, «Музокираҳо ошкоро ва касбӣ буданд ва ҳайати ИМА бори дигар тасдиқ кард, ки “Толибон» на танҳо бо суханонашон, балки бо амалҳояшон баҳо дода мешаванд».
Дар музокираҳо мавзӯи амният ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқи инсон, инчунин хориҷ кардани шаҳрвандони амрикоӣ ва хориҷӣ ва афғонҳое, ки ба онҳо аз кишвар кумак кардаанд, низ баррасӣ шуд.
Намояндагони толибҳо ҳам ин мулоқотро босамар ва муваффақ номиданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки ин тамосҳо ба эътирофи ҷунбиш аз ҷониби ИМА мусоидат хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ