Дар озмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир, ки дар Русия гузаронида шуд, духтари ӯзбекистонӣ ғолиб гардид

Зодаи Ӯзбекистон Рушана Каримова дар озмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар шаҳри Москва ғолиб гардид, иттилоъ медиҳад хабар.уз.
Чорабиниро Федератсияи муҳоҷирон дар Русия (FMR) ташкил намудааст. Дар маҷмӯъ, 50 намояндаи 13 кишвар дар ин озмун ширкат варзиданд, аммо ба даври ниҳоӣ танҳо даҳ нафар — аз Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, ӮУзбекистон ва Қирғизистон баромаданд.
Даври ниҳоӣ дар толори кинои Москва- «Меҳмонхонаи Президент» бо ширкати наздикони иштирокдорони озмун ва намояндагони ҷамъиятҳо сурат гирифт. Духтарон истеъдоди сурудхонӣ, рақс ва навохтани асбоби мусиқиро нишон доданд. Онҳо бо либосҳои миллӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Рушана Каримова ҷойи аввалро ишғол кард ва соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Москва гардид.
Бино ба иттилои манбаъ Рушана Каримова бо тадбиркорӣ машғул аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ