Қабулҳои сайёр бо иштироки кормандони соҳаи хидматҳои давлатӣ

Рӯзи 10-уми октябр дар чорчӯби лоиҳаи “Ба худ омадем” бозору фурӯшгоҳҳои бузурги вилоят бо иштироки 16 маркази хидматҳои давлатӣ ва 23 шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қабулҳои сайёр ташкил шуд. Шаҳрвандоне, ки ба қабулҳои сайёр омаданд, аз мутахассисон маслиҳатҳои бепул гирифтанд. Масъулон дар чорчӯби тадбир бар асоси қонунҳои интихоботи корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро низ баргузор карданд.
Дар қабули сайёре, ки “Бозори деҳқонии Сиёб” мезбони он шуд, 28 нафар фуқаро аз хидмати давлатӣ истифода бурданд ва беш аз 100 нафари дигар ба саволҳои худ ҷавоб ёфтанд.
Раиси садораи хидматҳои давлатии Самарқанд М. Қурбонов гуфт:
— Мақсади асосии мо аз ин тадбирҳо фароҳам кардани шароит барои истифодаи озодонаи аҳолӣ аз хидматҳои давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва манофеъи онҳо буд. Дар умум, вақтҳои охир ба такмили тартиби хидматрасонии маҳаллабай бештар эътибор медиҳем. Барои афзоиши самари корамон бо идораву ташкилотҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекунем.
Лоиҳаи “Ба худ омадем” дар “Маҷмӯаи савдои Ургут” низ баргузор шуд. Дар ин ҷо мутахассисон ба 120 нафар шаҳрванд маслиҳати бепул доданд, 30 нафар аз аҳолӣ аз хидматҳои давлатӣ истифода бурданд. Шаҳрвандон – Ш. Мухторов ва Н. Бахтонқулова бо вуҷуди он, ки тӯли солҳои дароз бо ҳам зиндагӣ мекунанд, издивоҷи қонунӣ надоранд. Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии рақами 2-и Ургут дар давоми қабул издивоҷи онҳоро ба сурати қонунӣ сабт кард ва ба ду нафар фарзанди онҳо, ки то ҳол гувоҳиномаи таваллуд надоштанд, ин ҳуҷҷат дода шуд.
Н. Муқимоваи пайариқӣ, ки бо атторӣ машғул аст, низ дар қабули сайёр фаъолияти тадбиркории худро қонунӣ кард. Акнун ба солҳои фаъолияти ӯ “стаж” низ ҳамроҳ мешавад.
Дар умум дар қабулҳои сайёр аз сӯи шаҳрвандон беш аз 300 навъи хидматҳои давлатӣ истифода гардид.
Ёдовар мешавем, ин лоиҳа рӯзи 17-уми октябр низ аз соати 09.00 то 15.00 дар бозор ва фурӯшгоҳҳои бузурги саросари вилоят баргузор мегардад.

Хадамоти матбуотии Садорати хидматҳои давлатии вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ