Эътибору эҳтироми пиронсолон дар Ургут

Ҳоло дар ноҳияи Ургут беш аз 48 600 нафар пиронсол умр ба сар мебарад. Дар миёни онҳо як нафар собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, 51 нафар собиқадори ҷабҳа ҳастанд. Ҳамчунин, 1 нафар пири синнаш боло аз 100 зиндагӣ мекунанд.
Дар чорчӯби “Ҳафтаи пиронсолон”, ки аз 4-уми октябр то 10-уми октябр дар саросари кишвар идома ёфт, дар Ургут Анҷумани нурониёни ноҳия баргузор шуд. Раиси шӯрои ҷамоатии нурониёни ноҳия Фармон Азизов дар ин анҷуман гуфт:

  • Мо ҳамеша аз ҳолу аҳволи пиронсолон хабар мегирем, барои истироҳату фароғати онҳо ҳамасола ба истироҳатгоҳҳо роҳхатҳо медиҳем, ба маконҳои таърихӣ саёҳатҳо ташкил мекунем. Дар баробари ин, ҳафтае як бор дар Маркази нурониён ҷамъ мешавему дар бораи корҳои оянда нақша мекашем.
    Баъди ин ҷамъомад пиронсолон ба зиёратгоҳи “Ғавсул-аъзам” раҳсипор шуданд. Имом-хатиб Тӯлқин Аъзамов ба ҳозирон дар бораи таърихи макон нақл намуд, аз “Қуръон” оятҳо тиловат кард.
    Меҳмонон бо музейи таърихи маҳаллаи Ғӯс низ ошно шуданд. Дар ин музей олатҳои қадимии рӯзгори гузаштагони минтақа аз қабили зарфҳои сафоливу мисӣ, ҳамчунин, аслиҳаи ҷангӣ нигоҳ дошта мешавад.
    Дар нисфирӯзӣ нурониён аз Минтақаи озоди иқтисодии Ургут ва дастовардҳои 5 соли охири ин минтақа боздид карданд.
    Илова бар ин, онҳо дар маросими ифтитоҳи бинои нави маҳаллаи Вағаштӣ низ иштирок карданд. Ҳокими ноҳияи Ургут Ботир Ҷабборов дар ин маросим бобати дигаргуниҳову комёбиҳо, корҳои ободсозиву зебосозии ноҳия, аз ҷумла Вағаштӣ суханронӣ кард.
    Дар давоми рӯз пиронсолон ба аёдати сокинони Хонаи муруввати ноҳия ва ҳамчунин сокини 101-солаи маҳаллаи Навбоғ – Иззатой Рӯзиева рафтанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ