Сессияи чилу панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят кай гузаронида мешавад?

Дар асоси қарори ҳокими вилояти Самарқанд тибқи моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ» сессияи чилу панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум рӯзи 10-уми октябри соли 2021, соати 10:00 гузаронида мешавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шудаанд:
– ҳисоботи ҷонишини якуми ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои молия-иқтисодиёт ва ихтисори камбизоатӣ – сарвари Сарсадорати рушди иқтисодӣ ва ихтисори камбағалӣ Ҷ.Ӯроқов дар бораи иҷрои даромадҳои буҷавӣ доир ба анҷоми 9 моҳи соли 2021, инчунин, корҳое, ки дар чоряки чорум оиди афзунсозии пойгоҳи андоз амалӣ мегарданд;
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавӣ-маърифатӣ Х.Очилов “Дар бораи корҳое, ки бо мақсади дар амал татбиқ кардани панҷ ташаббуси муҳим дар вилоят амалӣ мегарданд”;
– ҳисоботи ҳокими ноҳияи Нуробод Ф.Зоиров аз рӯйи иҷрои барномаи чораву тадбирҳои амалӣ оиди беҳсозии вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар асоси нишондоди рейтинги баҳогузории сатҳи ривоҷёбии иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия;
– ҳисоботи сарвари шӯъбаи мигратсия ва расмигардонии шаҳрвандии Садорати корҳои дохилии вилоят Д.Норчаев дар бораи корҳое, ки аз тарафи шӯъбаи мигратсия ва расмигардонии шаҳрвандии Садорати корҳои дохилии вилоят ва зинаҳои поёнии он дар давоми соли 2021 амалӣ гардиданд ва нақшаҳои устуворе, ки дар оянда татбиқ мешаванд;
– масъалаҳои дигар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ