Дастоварди варзишгарони фарғонагӣ дар Тоҷикистон

8-10 октябр дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал-1976 Зебинисо Рустамова баргузор шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа 38 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи кишварамон ширкат карданд.
Мусобиқа миёни мардҳо, бонувон, ҷуфти омехта ва даставӣ дар ду масофа баргузор шуд.
Бино ба натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа ҳамватанонамон Келдиёр ҲАСАНОВ, Зокирҷон ҒАФУРОВ, Гулмира УРУНБОЕВА, Муниса ЛУТФУЛЛОЕВА ва Зебо МУҲИТДИНОВА низ дар қатори ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа ҷой гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ