Кӯпруки миёни халқ ва давлат

Имрӯз дар ҳар соҳа навигариҳо, дигаргуниҳо ба назар мерасанд. Дар замири ин дигаргуниҳо беҳтар намудани шароити зисти мардум, таъмини фаровонии халқ муҷассам аст. Дар натиҷаи чунин амалҳои хайр мулоқоти байни давлат ва халқ беҳтар гашта, сохтори наве барои осон намудани мушкилиҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Имрӯз ҳамин сохтор миёни Марказҳои хизматҳои давлатӣ, идораҳои халқ ва давлат вазифаи пули мустаҳкамро иҷро менамояд.
Санаи 12‑уми декабри соли 2017 бобати ислоҳ намудани системаи миллии хизматҳои давлатӣ қадами ҷиддӣ гузошта шуд. Бо ташаббуси раҳбари давлат Шавкат Мирзиёев дар назди Вазорати адлия бо мақсади наздик намудани роҳи дури ҳамватанон, осон кардани мушкили онҳо Агентии хизматҳои давлатӣ, инчунин, дар ҳама ҳудудҳои кишвар маркази хизматҳои давлатӣ ташкил гардид.
Дар айни ҳол 205 маркази хизматҳои давлатӣ ва 122 филиали онҳо фаъолият доранд. «Ягона дарича»-и пештара танҳо барои тадбиркорон хизмат мерасонд. Вале маркази хизматҳои давлатӣ дар ҳалли саривақтии муаммоҳои мардум ва хизматрасонии шаффову фаврӣ ба шахсони ҷисмонию юридикӣ ҷойгоҳи худро соҳиб аст.
Вақти ба роҳ мондани фаъолияти ин марказҳо шумори онҳо ҳамагӣ 37‑то буд. Ҳоло бошад шумори онҳо зиёда аз 150 – то мебошад. Марказҳо ҳамарӯза ба аҳолӣ беш аз 57 ҳазор хизмати давлатӣ нишон медиҳанд.
Бояд гуфт, ки Агентии хизматҳои давлатӣ корҳои рақамигардониро аз соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) сар кард. Барои ин асбобҳои махсуси рақамигардонӣ корсозӣ шуд. Дар натиҷа, аз 60 миллион маълумотҳои архивии мақомоти САҲШ 90 фоизи он рақамӣ гардонида шуд. Агентии хизматҳои давлатӣ барои новобаста аз ҷойи зисти худ аз хизматҳои сифатноки давлатӣ истифода намудани ҳар як шаҳрванд эътибори ҷиддӣ медиҳад. Хусусан, дар байни идораҳои давлатӣ пеш аз ҳама аз тарафи ҳамин агентӣ хизмат­расониии сайёри давлатӣ ба роҳ монда шуд. Дар рӯзҳои истироҳатӣ низ ходимони маркази хизматҳои давлатӣ бо нақлиёти махсус ба ҷойҳои дурдасти мамлакат рафта, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҳоло дар сартосари кишвар барои расондани хизматҳои сайёри давлатӣ ба аҳолӣ 20 автобус ва 189 автомобили тамғаи «Дамас» ҷалб карда шудааст.
Бино ба ҳисоботи солонаи «Doing business 2020»-и Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи нишондоди «Ба рӯйхат гирифтани бизнес» Ӯзбекистон миёни 190 давлати дунё соҳиби ҷойи 8‑ум гашта, дар таърих якумин бор ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд. Рейтинги мазкур мамлакатҳоеро муаррифӣ мекунад, ки дар муҳити тиҷоратӣ пешсафӣ доранд.
Дар ин самт Маркази хизматҳои давлатии ноҳияи Самарқанд низ корҳои зиёдро амалӣ менамояд. Маркази хизматҳои давлатии ноҳия дар як рӯз ба беш аз 400 нафар шаҳрвандон хизмат мерасонад. Инчунин, баъзе шаҳрвандон аз хизматрасониҳо ба таври «онлайн» низ истифода мебаранд.
Хулоса, имрӯзҳо марказҳои хизматҳои давлатӣ барои таъмин намудани муносибатҳои шаффофу фаврии шаҳрвандону давлат воситаи беҳтарин гаштааст.

М.ҚУРБОНОВА,
корманди Маркази хизматҳои давлатии ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ