Пагоҳ овоздиҳии пешакӣ оғоз меёбад

Дирӯз дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҷамъомади навбатии Комиссияи ҳавзаи интихоботии Самарқанд‑7 баргузор гардид. Онро раиси Комиссияи интихоботии ҳавза Ф.Тошев сарварӣ намуд.
Дар ҷамъомад роҳбарони садоратҳои тандурустӣ, осоиштагии санитариву эпидемологӣ ва саломатии ҷамоатӣ, Гвардияи миллӣ, корҳои дохилии вилоят, инчунин роҳбари шӯрои вилоятии Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон оиди масъалаҳои тайёрӣ ба интихобот ва гузаронидани он маълумот доданд.
Инчунин, аз рӯйи тавсияҳои шӯрои депутатҳои халқи шаҳру ноҳияҳо қарори Комиссияи ҳавзаи интихобӣ дар бораи даровардани дигаргуниҳо дар ҳайати баъзе қитъаҳои интихоботӣ қабул гардид.
Дар ҷамъомад таъкид карда шуд, ки аз рӯзи 14‑уми октябр овоздиҳии пеш аз муддат оғоз меёбад ва дар ин ҷараён бояд аз рӯйи нишондодҳои Кодекси интихобот ва қарорҳои Комиссияи марказии интихобот амал кард.
Пас аз ҷамъомади Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Ҷонишини раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Самарқанд‑7 Отабек Тошниёзов ҳозиронро бо ҷараёни тайёрӣ ба интихобот шинос карда, ба хабарнигорон оиди интихоботи пешазмуддатӣ маълумоти муфассал дод.
Овоздиҳии ин гуна одамон аз соати 9 то соати 19 сурат мегирад.
Дар охири анҷуман ба вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ гувоҳномаҳое, ки Комиссияи марказии интихобот аз аккредитатсия гузарондааст, супурда шуд. То ҳол дар вилоят 94 нафар журналист ва блогер соҳиби чунин гувоҳнома шуданд.

Б.ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ