Фоидаи чанд маҳсулоти истеъмолӣ


Творог, кефир, йогурт
Калтситриол – гармонест, ки дар маҳсулоти ширӣ мавҷуд буда, бофтаҳоро аз равғанҳои зиёдатӣ нигоҳ медорад. Онҳо аз сафедаҳо бой буда, шахсоне, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, бояд ба таомномаашон бошад. Муҳимаш, маҳсулоти бе равған ва тару тоза бояд интихоб карда шаванд.
Занҷабил
Равғани эфир, ки дар таркиби занҷабил мавҷуд аст, ҳазми таом ва истеҳсоли моеъи меъдаро беҳтар мекунад. Занҷабил инчунин барои беҳтар кардани ҳолати пӯст кӯмак мекунад.
Карам
Карамро дар ҳар намуд истеъмол кунед, барои партофтани вазн фоидаи калон дорад. Таркиби карам аз нахи парҳезӣ бой аст, ки барои рафъи маводи зиёдатии организм мусоидат мекунад. Карам каллорияи хеле кам дорад, бинобар ин шумо метавонад ҳар қадар ки хоҳед, истеъмол кунед.
Бодиринг
Дар таркиби бодиринг об бисёр аст. Бодиринг организмро ҳам берунӣ ва ҳам дохилӣ намнок мекунад. Пӯсти бодиринг аз витаминҳои муфид ва микроэлементҳо хеле бой аст, аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки онро бо пӯст бихӯред.
Долчин
Долчин миқдори шакарро дар хун паст мекунад, ин бошад ҷамъшавии равғанҳоро пешгирӣ мекунад. Онро ба нӯшокиҳои ҳамарӯзаи худ чой, қаҳва ва ҳатто кефир метавонад илова кунед.
Чойи кабуд
Чойи кабуд баданро гарм ва ҳазми таомро хуб мекунад. Моддаи тиамин, ки дар таркиби чойи кабуд ҳаст, на танҳо барои шикастани бофтаи пӯст, балки барои шикастани равғане, ки узвҳои даруниро мепӯшонад, хуб аст.
Афлесун (апелсин)
Афлесун аз нахи парҳезӣ бой аст, ки гуруснагиро бартараф мекунад. Барои хӯроки сабук интихоби олӣ. Аз ҳисоби равғанҳои эфирӣ ва флавоноидҳо дар ҳамаи меваҳои ситрусӣ равғанҳои баданро хеле хуб тақсим мекунад.
Бодом
Танҳо 49 фоизи бодом ҳазм карда мешавад. Равғанҳои боқимонда ҳазм намешаванд, танҳо сафеда ҷаббида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ