ЧАРО ОБИ БАҲРҲО ШӮР АСТ?

Ҳамаи мо медонем, ки оби баҳру уқёнусҳо шӯр аст. Уқёнус ва баҳрҳо аз оби борон ва бухори обҳои вулканҳо пайдо шудаанд. Оби борон ва бухорҳои обӣ ягон таъм (маза) надоранд. Ғайр аз ин, ба уқёнусу баҳрҳо дарёҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамроҳи худ маҳлули намакҳоро шуста меоранд.

Азбаски намак бухор намешавад, дар уқёнусу баҳрҳо микдори зиёди он ҷамъ шуда, боиси шӯр гардидани оби онҳо мешавад. Аз ин рӯ, оби баҳрҳо оби тоза набуда, балки оби омехта бо намак аст.

Ин оби омехта шаффоф ва якҷинса аст, ки онро маҳлул меноманд. . Инсон онро то начашад, аз оби нӯшиданӣ фарқ карда наметавонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ