Дар шаҳри Нур-Султон ҷамъомади шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО баргузор гардид

12 октябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар мулоқоти мазкур Вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов намояндагӣ кард.
Инчунин, 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲТБО ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҳайатҳо ба ҷониби қазоқистонӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО изҳори сипос намуда, оид ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар минтақа табодули назар намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ