Интихобот-2021: Кӣ метавонад пеш аз муддат овоз диҳад?

Овоздиҳӣ – ин амалӣ шудани ҳуқуқи қонунии интихоби раисҷумҳури давлат аз сӯи шаҳрванд аст. Ҳар як интихобкунанда соҳиби як овоз мебошад. Кафолати ҳуқуқи овоздиҳӣ, баробарӣ ва озодӣ дар ибрози хоҳишу ирода дар Кодекси интихобот сабт шудааст.

Шаҳрвандоне, ки рӯзи интихобот дур аз маҳалли зисти худ мешаванд, метавонанд пеш аз муддат дар интихоботи раисҷумҳурӣ иштирок кунанд ва овоз диҳанд. Бар асоси моддаи 57-и Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, овоздиҳии пеш аз муддат 10 рӯз қабл аз интихобот оғоз мешавад ва се рӯз қабл аз он ба поён мерасад. Комиссияи марказии интихобот, комиссияҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо вақти баргузории чунин овоздиҳиро муайян ва аз тариқи расонаҳои хабарӣ эълон мекунанд.
Имсол овоздиҳии пеш аз муддат рӯзҳои 14-20-уми октябр баргузор мегардад. Интихобкунанда барои пеш аз муддат овоз додан бояд бо навиштани ариза маълум кунад, ки чаро наметавонад рӯзи интихобот дар маҳалли зисти худ бошад. Интихобкунанда бо ин ариза метавонад аз комиссияи участкаи интихоботӣ варақаи интихоботӣ дарёфт кунад. Комиссия ҳақ надорад, ки аз интихобкунанда барои тасдиқи сабабҳо ғайр аз ариза дигар ҳуҷҷати иловагие талаб кунад. Интихобкунанда барои гирифтани варақа дар ҳузури ҳадди ақал 2 нафар узви комиссия ба рӯйхати интихобкунандагон имзо мегузорад, ки ин далел ба ҳисоб меравад.
Як узви комиссия номи интихобкунандаро дар системаи автоматикии идораи ҷараёни интихобот пайдо мекунад ва ба номи ӯ ҳамчун касе, ки пеш аз муддат овоз додааст, аломат мегузорад.
Интихобкунанда дар кабина, ё ҳуҷраи махсус варақаи интихоботро пур мекунад. Касе ҳақ надорад, ки ба ҷараёни интихоби интихобкунанда дахолат кунад. Ӯ варақаи интихоботро дар дохили конверти махсус мегузорад. Конверти варақаро дар сейфи комиссияи участкаи интихоботӣ нигоҳ медоранд. Рӯи ҷойи ширешшудаи конверт мӯҳри комиссия зада мешавад.
Рӯзи интихобот варақаҳои интихобкунандагонеро, ки пеш аз муддат овоз доданд, ҳамроҳи дигар варақаҳо мешумуранд.
Дилором Маматқулова, узви комиссияи ҳавзаи интихоботии Самарқанд-7

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ