Асосӣ

Дар моҳи сентябр чӣ гуна ҷашнҳо пешвоз гирифта мешавад?

Сентябр барои аҳли ҷаҳон моҳи ҷашнҳои бузургу зебост. То ба имрӯз мо рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (1 сентябр) Рӯзи дониш (2 сентябр), зодрӯзи мутафаккири бузург Абурайҳон Беруниро (4 сентябр) бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намудем ва менамоем. Акнун, дар пеш ҷашнҳои дигар моро интизоранд. Дар тақвими ҷаҳонӣ ин моҳ қариб 40 ҷашн ва рӯзҳои махсус таҷлил ва қайд мегарданд. Муҳимтарини онҳо 8-уми сентябр бо рӯзҳои байналмилалии саводнокӣ, ҳамраъйии журналистон ва турна оғоз меёбанд. Ҳадафи ду рӯзи аввал барои ҳама маълум аст ва сабаби пайдоиши Рӯзи байналмилалии турна оғози давраи ба ҳудудҳои зимистонгузаронӣ бозгаштани ин паррандаи зебост. Инсони солим дар ҳар давру замон сӯиқасд ба ҷон ва худкуширо маҳкум менамуду менамояд. Имрӯз ҳам, ки теъдоди чунин ҳодисаҳои ногувор кам нест, бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 10-уми сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии пешгирии худкушиҳо эълон гардидааст. Ин рӯз дар аксар кишварҳои олам ҷиҳати пешгирӣ ва кам намудани шумораи чунин ҳодисаҳо чорабиниҳо амалӣ мегарданд. Мувофиқи маълумоти ТУТ агар ба шахсони ба садама, сактаи қалбу сар, фишорбаландӣ ва ҳолатҳои дигар дучоршуда, ки хатари марг таҳдид менамояд, сари вақт ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шавад, қисми зиёди онҳо наҷот хоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, басо муҳим аст, ки ҳар инсон аз роҳу усулҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ бохабар бошад. Мақсад аз Рӯзи умумиҷаҳонии расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ эълон гаштани 14-уми сентябр ҳамин аст. Санаи дигари барои аксар кишварҳо муҳим, Рӯзи байналмилалии демократия (International Day of Democracy) аст, ки соли 2007 эълон гардида, 15-уми сентябр қайд мешавад. Демократия ифодакунандаи низоми сиёсист, ки асоси онро қабули қарорҳо бо дарназардошти раъйи бештари мардум ташкил медиҳад. Инчунин, дар моҳи сентябр зодрӯзи нависандаи бузург, намояндаи барҷастаи адабиёти ӯзбек Абдулло Қаҳҳор (17 сентябр) Рӯзи умумиҷаҳонии мониторинги сифати об (18 сентябр) бо пешниҳоди Бунёди амрикоии оби тоза, Рӯзи байналмилалии сулҳ (21 сентябр) бо ташаббуси СММ ва Рӯзи умумиҷаҳонии туризм (27 сентябр) бо пешниҳоди Маҷмаи умумии Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ (Торремалино, Испания) эълон гардидаанд. Имрӯзҳо зиёдшавии автомобилҳо дар шаҳрҳои калон ба мушкилоти хеле бузург табдил ёфтааст, ки ин, қабл аз ҳама, ба тамбашавӣ дар роҳҳо ва ифлосшавии муҳити атроф оварда мерасонад. Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни автомобил (22 сен¬тябр) даъват ба андаке сабук намудани ҳаракати автомобилҳо дар роҳҳо, тоза кардани ҳавои шаҳр ва тарғиби пиёдагардиву велосипедсаворист, ки барои саломатии инсон муфид аст. Аз соли 2013 санаи 26-уми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои комилан несту нобуд намудани силоҳи ядроӣ қайд мегардад. “Фикри тан саҳл аст, фикри дил кунед”, фармудааст бузурге. Ҳадаф аз Рӯзи умумиҷаҳонии дил эълон гардидани 29-уми сентябр риояи ҳамин таъкид аст, зеро хушиву хурсандӣ, тансиҳатӣ ва самараи кору зиндагӣ беш аз ҳама ба ҳолату фаъолияти ин муҳаррики бадан вобаста аст. Рӯзи байналмилалии тарҷума (30 сентябр) адабиёт ва миллатҳоро ба ҳам наздик месозад, ки ҷамъбасти сазовори тақвими ҷаҳонии моҳи сентябр аст. Ғайр аз ин, ҷашнҳои бузурги Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр), зодрӯзи Бурҳониддин Марғинонӣ (23 сентябр) ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (30 сентябр) маҳз дар моҳи сентябр гузаронида мешавад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ