Саломатӣ

Маҳсулоти беҳтарин барои фаъолияти мағзи сар

Истеъмоли ҳар гуна хӯрданиҳо ба фаъолияти аъзои бадани одам, аз ҷумла, мағзи сар таъсир дорад. Баъзе аз онҳо фаъолияти мағзи сарро беҳтар мекунанд, баъзеашон таъсири манфӣ доранд.Ба навиштаи “Медикфорум”, мутахассисон ин гуна маҳсулотро ба 3 навъ тақсим кардаанд.Маҳсулоти гурӯҳи якум барои беҳбуди фаъолияти мағзи сар таъсири калон дорад ва инсон бояд онҳоро ба таври муназзам бихӯрад. Меваҳои мағздор – чормағз, бодом ва ғайра, моҳӣ, маҳсулоти дарёӣ, равғани зайтун, сабзавоту кабудиҳо аз ин ҷумлаанд.Маҳсулоти гурӯҳи дувум меваҳо, маҳсулоти ширии камравған, гӯшти парранда, мош, нахӯд ва амсоли онҳо буда истеъмоли онҳо низ ба фаъолияти мағзи сар таъсири хуб дорад.Маҳсулоти гурӯҳи савум гӯшт, маҳсулоти ширии серравған, хӯрданиҳои нимхом ва намак мебошанд. Истеъмоли инҳо на танҳо ба фаъолияти мағзи сар, балки ба тамоми узви бадан таъсири манфӣ дорад. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ