Ҷаҳон

Дар дувумин давраи интихоботи президентии Абхазия Хаҷимба пешқадам аст

Дар дувумин давраи интихоботи раисҷумҳурии Абхазия Раул Хаҷимба, раҳбари феълии ин кишвар бо 47,38 дарсад раъй пешқадам аст.Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Алхас Квинсия, рақиби асосии Хаҷимба 46,19 дарсад раъй касб кардааст.Тамаз Гогий, раиси комиссияи марказии интихоботи Абхазия гуфт, ки бар асоси натиҷаҳои муқаддимотии имрӯз, мувофиқи моддаи 19-и сарқонуни кишвар Хаҷимба Раул Ҷумкович раисҷумҳури Абхазия маҳсуб мешавад.Дар дувумин давраи интихоботи президентии Абхазия 65,98 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карданд. Дар кулл, 127,14 ҳазор нафар дар феҳристи раъйдиҳандагон сабт шуда буданд ва 83,88 тан аз онҳо раъй доданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ