Ҷаҳон

Гармои тобистон дар Фаронса боиси марги 1,5 ҳазор нафар шуд

Ба гуфтаи Анйес Бюзен, вазири масъалаҳои иҷтимоъӣ ва тандурустии Фаронса, гармои тобистони имсол, ки хеле баланд буд, ҷони 1,5 ҳазор нафарро гирифт.Дар ин бора нашрияи Franceinfo хабар медиҳад.Бюзен гуфт, ки дар тӯли тобистони имсол 18 рӯз гармои шадид мушоҳида шуд. Дар кулл, гармо ба 20 миллион нафар таъсир гузоштааст.Ба гуфтаи вазир, синни нисфи вафот кардагон аз 75 боло буд. Ӯ хотирнишон кард, ки гармои соли 2003 сабаби марги 15 ҳазор нафар, яъне 10 баробар бештар инсон шуда буд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ