Ӯзбекистон

Ӯзбекистон баъди 4 сол парвозҳоро ба Украина дубора роҳандозӣ мекунад

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар хатти Тошканд-Киев-Тошканд парвозҳои чартериро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора канали телеграмии in4avia хабар додааст.Парвозҳоро ҳавопаймои Airbus A320 ҳар рӯзи шанбе анҷом хоҳад дод.Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон то моҳи майи соли 2015 дар хатсайри Тошканд-Киев-Тошканд парвозҳои мунтаззамро анҷом медод. Баъд ба далели имзо нашудани тавофуқнома дар миёни ниҳодҳои ҳавопаймоии ду кишвар парвозҳо қатъ гардид. Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ба беш аз 60 кишвари ҷаҳон парвозҳои муназзамро анҷом медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ширкат дорои ҳавопаймоҳои мусофирбари «Boeing-757/767», «Boeing-787-8 Dreamliner», «Airbus А320» ва ҳавопаймоҳои боркаши «Boeing-767-300BCF» мебошад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ