Ҷаҳон

Дувумин агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон ба кор андохта шуд

Дувумин агрегати НБО Роғун 9 сентбяр – Рӯзи 28-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, аъзои ҳукумат, намояндагони дипломатики кишварҳои хориҷӣ ва созандагони нерӯгоҳ ширкат карданд.Нахустин агрегати ин нерӯгоҳ соли 2018 рӯзи 16 ноябр ба кор андохта шуда буд.Бар асоси додаҳои вазорати молияи Тоҷикистон, ҳукумат имсол барои сохтусози НБО Роғун аз будҷаи давлатӣ 2,1 миллиард сомонӣ (222,6 миллион доллар) ихтисос додааст.Ба гузориши хабаргузори Авесто, соли гузашта барои сохтусози нерӯгоҳ 4,7 миллиард сомонии иловагӣ ихтисос ёфтааст. 3,4 миллиарди ин маблағ аз будҷаи давлатӣ ва боқӣ аз даромади фурӯши евробондҳо ба сохтусоз равона шудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ