Ҷаҳон

Таиланд аз фикри ҷорӣ кардани андоз ба сайёҳон баргашт

Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Таиланд аз фикри ҷорӣ кардани андоз ба сайёҳон баргашт. Дар ин бора рӯзномаи Bangkok Post навиштааст. Таиланд моҳи майи соли равон ҷорӣ кардани андоз барои сайёҳонро эълон кард. Ҳадаф аз ин иқдом сарф кардани даромади андоз барои беҳбуди марказҳои сайёҳӣ, бима (суғурта) кардани сайёҳон аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва табъи буд. Ба навиштаи рӯзнома, вазорати сайёҳӣ ва варзиши Таиланд ба корҳои муъйян кардани андозҳо пардохта буд. Вале, дар миёни соли ҷорӣ ташрифи сайёҳон ба Таиланд кам шуд ва ҳукумат аз ҷорӣ кардани андози нав баргашт.Сайёҳӣ дар иқтисоди Таиланд саҳми чашмрас дорад. Ин кишвар ҳамасола бо пазироии беш аз 30 миллион сайёҳ то 50 миллиард доллар даромад мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ