Асосӣ

Форуми ҷавонони Россия ва Ӯзбекистон


Имрӯзҳо дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия форуми II байналхалқии ҷавонони Ӯзбекистону Россия гузаронида мешавад.
Дар форум масъалаҳо доир ба ҳамкории иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин, тадбиркории ҷавонон муҳокима мегарданд. Ғайр аз ин, аз рӯйи ин соҳаҳо лоиҳаҳои муштарак таҳия карда мешаванд.
Дар доираи форум вохӯрии ҷонишини ҳокими ви¬лояти Самарқанд доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон Рустам Қобилов бо вазири ҷавонони Бошқирдистон Руслан Ҳабибов барпо гардид.
Дар рафти сӯҳбат оиди дар соли 2020 дар шаҳри Уфа гузаронидани форуми навбатӣ аҳд карданд. Инчунин, таклифҳо оиди ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии хонандагон ва донишҷӯён дар вақти таътил, масъалаҳои рушди туризми ҷавонон пешниҳод гардид.
Форум имрӯз ба кори худ анҷом медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ