Ҷаҳон

Трамп аз коҳиши муҳоҷирони ғайриқонунӣ  хурсандӣ изҳор кард


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА дар Twitter дар бораи коҳиши чашмраси муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аз қаламрави Мексика вориди ИМА мегарданд, навишт.
Ба гузориши хабаргузории REGNUM , ӯ гуфт, “Дар марзи ҷанубӣ ба пешрафти камназир расидем!”.
Ҳамчунин, пешвои амрикоӣ графикеро дар сафҳаи худ гузошт, ки дар он коҳиши сели муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба қаламрави ИМА мунъакис шудааст. Бар асоси ин график, дар моҳҳои май-сентябри соли равон шумори вурӯди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ИМА 92,2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Майк Помпео, дабири давлатии ИМА рӯзи 10-уми сентябр низ коҳиши чашмраси вурӯди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Мексикаро баён карда буд. Ба гуфтаи Помпео, коҳиши вурӯди муҳоҷирони ғайриқонунӣ боиси беҳбуди амнияти ИМА шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ