Асосӣ

Навиштаҳои Шавкат Мирзиёев дар китоби меҳмонони ифтихории Мактаби Президентӣ


«…Мо бо тарбияи ҷавонони фидоие, ки ба тарзи наву озод фикр мекунанд, ватани худро бештар аз ҷон дӯст медоранд, барои ояндаи дурахшони он содиқона хидмат мекунанд, ба нияти нек ба сатҳи болои тараққиёт бурдани Ӯзбекистони навамон хоҳем расид.
Бо ҳадафи омодасозии чунин кадрҳои босалоҳият ва баркамол дар ҳар минтақаи кишварамон муассисаҳои омӯзишӣ бо шакли комилан нави таҳсилот – мактабҳои Президентӣ таъсис кардем.
Ман ба ин боварам, ки ин масканҳо шахсонеро мисли Хоразмиён, Фарғониён, Беруниён ва Улуғбекҳоро парвариш мекунад, ки онҳо иқтидори ба даст гирифтани фардои Ӯзбекистони азизамон ва ғолибшавӣ дар талошҳову рақобатҳои даври ҷаҳонишавиро (глобализатсия) хоҳанд дошт.
Орзумандам, Мактаби Президентӣ, ки дар шаҳри Тошканд фаъолияти худро оғоз кард, дар роҳи бароварда кардани орзу ва ниятҳои бузургу олиҷанобонаи мардуми мо ба ҳама намуна мегардад”.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ