Ӯзбекистон

99 млн. 367 ҳазор сўм зарар пардохта шуд

Аз тарафи кормандони Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ дар коргоҳи ғиштпазии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Gold invest”-и маҳаллаи “Қайнама”-и ноҳияи Самарқанд тартиби истифодаи гази табиӣ омӯхта шуд.Маълум гардид, ки сарвари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Gold invest” С.Собиров (ному насабаш дигар карда шуд) ба қубури диаметраш 426, ки барои ба аҳолии ноҳияи Пастдарғам расонидани гази табиӣ пешбинӣ шуда, дар ҳудуди ноҳияи Самарқанд ҷойгир аст, шланги диаметраш 20 сантиметраро ба таври ноқонунӣ пайваст кардааст. Тибқи хулосае, ки аз тарафи филиали ҳудудии таъминоти газ дар вилояти Самарқанд пешниҳод гардид, шаҳрванд барои 99.367.36 метри мукааб гази табиӣ ба миқдори 99 млн. 367 ҳазор сўм зарар расондааст.С.Собиров барои ин амали худ мувофиқи қисми дуввуми моддаи 185(2) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ҷавогарӣ кашида шуд. Ба шаҳрванд фаҳмонида шуд, ки дар асоси қисми шашуми ҳамин модда, аз сабаби бори аввал ба кори ҷиноӣ даст заданаш метавонад дар давоми 30 рӯз зарари моддиро пардохт намояд ва аз ҷавобгарӣ озод шавад.Сарвари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Gold invest” С.Собиров зараре, ки ба давлат расонд, пардохт кард.Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ