Маориф

Муаллим, ки аз хондан бозмонд, симои худро гум мекунад

Омӯзгор, муаллим… Вақте ки ба гӯши мо чунин калимаҳо мерасанд, бевосита айёми кӯдакӣ, давраи аввалине, ки ба остонаи мактаб қадам гузоштем, ба ёд меояд.Мо дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён бо яке аз муаллимаҳое, ки зиёда аз 30 сол ба фарзандони мардум аз фанни забони русӣ дарс гуфтааст, собиқадори таълими халқӣ Манзура Солеева сӯҳбат оростем. – Манзура Ҳалимовна, қадамҳои аввалини Шумо дар ҷодаи омӯзгорӣ… – Соли 1978 факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, дар мактаби таълими умумии рақами 1-и ноҳияи Самарқанд ҳамчун муаллимаи забони русӣ ба кор оғоз намудам. Ду сол дар ин мактаб кор карда, фаъолиятамро дар мактаби рақами 85 (ҳоло 35-и ноҳияи Тайлоқ) давом додам ва соли 2010 ба нафақа баромадам. Соли 2008 омӯзгори тоифаи якум шудам. Дар давоми 32 сол ба хонандагон дарс гуфтам. Бачагонро бисёр дӯст медорам ва бо онҳо кор кардан бароям завқ мебахшад. – Ба фикратон муаллимӣ чӣ гуна касб аст? Чӣ ё кӣ сабаб шуд, ки шумо ин касбро интихоб кардед?– Муаллим, пеш аз ҳама, инсони ҳамаҷиҳата тайёре мебошад, ки кори таълиму тарбияро аз рӯйи талаботи педагогика бо истифодаи методҳои гуногун пеш мебарад ва ба хонандагон дониш, маҳорат ва малака медиҳад. Кори муаллим ниҳоят пуршараф мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ҷомеа ҳама ба муаллим эҳтиром доранд ва ӯро бо ифтихор «устод» мегӯянд. Дар адабиёт муаллим аз мақоми махсус бархурдор аст. Адибони мо муаллимро бо суханҳои хеле баландмазмуну самимӣ васф кардаанд ва ҳатто ӯро бештар аз падар лоиқи эҳтиром донистаанд: Ҳаққи устод аз падар беш аст, В аз падар устод дар пеш аст. Муаллим то даме, ки зинда аст, мехонад. Ҳамин, ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад, гуфтааст яке аз педагогҳои машҳур. Ман дар оилаи муаллимон ба воя расидаам. Шояд бо шарофати онҳо ин касбро интихоб кардам. Ё меҳре, ки ба мутолиаи китоб дошта будам, манро ба муаллимӣ даъват карда бошад. Чунки дар хона ғайр аз китоб ҳеҷ чиз набуд. Каме бекор монам, падарам мегуфтанд, ки барои чӣ дар даст китоб надорӣ? Ман фикр мекунам, ки таълим ва тарбия аз оила оғоз мешавад. Фарзанд дар муҳити оила чизеро, ки мебинад, онро иҷро мекунад. Мехоҳам, ки ҳар як инсон касбашро дӯст дорад. Баъд ба хонандагон ва шогирдон меҳр дода тавонад. Ғайр аз ин, илму дониши пурра доштанаш шарт ва зарур аст. – Оё фарзандонатон касби шу¬моро интихоб карданд? – Соҳиби се фарзанд ҳастам. Ду писару як духтар. Бисёр мехостам, яке аз фарзандонам муаллим шавад. Худоро беадад шукр, ки ду фарзандам касби муаллимиро интихоб карданд. Писарам дар мактаби таҳсилгирифтаи худ аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд. Духтарам касби манро интихоб кард. Ҳоло динишҷӯйи курси дуввуми факултети филологияи руси ДДС мебошад. – Фикри шумо дар бораи ислоҳоте, ки дар соҳаи таълим амалӣ мегарданд? – Ҳангоми кор дар таълимгоҳ аз ҳуҷҷатбозиҳои бисёр берун ба¬ромада наметавонистам ва барои тайёрӣ ба дарс вақт кам буд, дар натиҷа ба хонанда дарсро пурра расонида наметавонистам ва аз ин бисёр меранҷидам. Имрӯзҳо бо ташаббуси Раисҷумҳур ба соҳаи таълим, ба касби муаллим ҳурмат ва эътибори баланд фароҳам оварда шудааст, ки ин барои ҷавонон имкониятҳои хуб мебошад. Ғайр аз ин, маоши муаллимонро рӯз то рӯз зиёд мекунанд, ки омӯзгорони ба хориҷа ё ки ба нафақа баромада буданд, имрӯзҳо ба мактабҳои таълимӣ баргашта, ба фарзандони халқ таъ¬лим дода истодаанд. Барои ин ба Президентамон ташаккур гуфта, аз номи муаллимон миннатдории худро баён мекунам. – Маслиҳатҳои шумо ба муаллимони ҷавон… – Ояндаи шогирд ба муаллим ва мураббӣ вобаста аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Устод чӣ гуна, шогирд намуна». Агар ҷавонон ба ҳамин шиор риоя кунанд, боварии комил дорам, ки дар оянда муаллими хуб шуда, шогирдони хубро ба воя мерасанд. Ҷавонони азиз, хонед, илму дониши мукаммал гиред ва маҳорати педгогии худро нишон диҳед. Суҳбаторо СИТОРАБОНУ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ