Фарҳанг

Ном ва маънои моҳҳои тақвими эронӣ

Ҳаким Умари Хайём асарҳои зиёде офаридааст. Дар байни онҳо «Наврӯзнома» мавқеи муҳиме дорад. Дар ин асар баробари рӯзи ҷашнгирӣ ва хусусиятҳои Наврӯз оиди моҳҳо низ маълумоти муфиде оварда шудаанд. Фарвардин – калимаи паҳлавӣ буда, моҳи сарзании растаниҳо мебошад. Урдбиҳишт – моҳестт ба мисли ҷаннат бо шоду хур¬рамиаш; урд – дар забони паҳлавӣ «мисли», «монанди» маъно дорад, биҳишт – ҷаннат. Мобайни баҳор аст. Хурдод – моҳест, он мардумро бо гандум, ҷав ва мева (ҳосил) таъмин менамояд. Тир – моҳест, ки дар он гандум, ҷав ва дигар чизҳо дар байни мардум тақсим карда мешавад ва он якуми моҳи тобистон аст. Мурдод – моҳест, ки дар он ҳосил ва меваҳоро замин бояд бидиҳад. Дар ин моҳ обу ҳаво монанди хоки замин аст. Миёнаи тобистон мебошад. Шаҳривар – моҳест, ки дар он даромадҳои ниҳоят барзиёд гирифта мешавад, хусусан даромади подшоҳон ба ин моҳ мувофиқ меояд. Деҳқон дар ин моҳ боҷу хи¬роҷро бо осонӣ медиҳад. Моҳи охирини тобистон аст. Меҳр – моҳест, ки он меҳр ва дӯстии мардум ошкор аст ва он ҳосил ва меваҳоро, ки ҷамъ намудаанд, бо ҳам истеъмол менамоянд. Ин моҳ оғози тирамоҳ мебошад. Обон – моҳест, ки дар он мардум дар натиҷаи бо¬ронгариҳои бисёр бо обҳои ҷамъшуда заминро обдорӣ мекунанд. Озар – калимаи паҳлавӣ буда, «алав» мебошад; моҳест, ки дар он ҳаво хунук шуда, мӯҳтоҷи алав ме¬шаванд, яъне моҳи «алав» аст. Дай – калимаи паҳлавӣ буда, маънояш «иблис-шайтон» аст. Моҳи даҳшат ва дар замин хушвақти хеле кам мегардад. Якумин моҳи фасли зимистон аст. Баҳман – бо хусусияти хушкию хунукӣ ба моҳи дай монанд аст. Исфандормуз – «асфанд» дар забони паҳлавӣ «мева» (ҳосил) мебошад; дар ин моҳ сарзании меваҳо ва растаниҳо оғоз меёбад. Таҳияи Ҷӯрақул ҚАЮМОВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ