Ӯзбекистон

Ӯзбекистон истеҳсоли электромобилҳоро оғоз мекунад

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” аз соли 2021 истеҳсоли электромобилҳо роҳандозӣ мешавад. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишвар дар раванди сафари худ ба Қӯқанд дар ин бора эълон кард.
Ширкати маҳаллии “Шаффоф омадли саноат” ва ширкати чинии Silk Road Company муштаракан ин лоиҳаро амалӣ мекунанд. Арзиши лоиҳа 30 миллион доллар буда, 24 миллиони он сармоягузории мустақими Чин аст.
Нархи электромобилҳои Ӯзбекистон ҳудуди 3 ҳазор доллар хоҳад буд, ки ин нарх дар муқоиса бо электромобилҳои хориҷӣ хеле арзонтар аст.
Минтақаи озоди иқтисодии “Қӯқанд” январи соли 2019 дар ҳудуди 710 ҳектор таъсис ёфт. Дар ин ҷо тақрибан сад лоиҳа бо сармоягузории кулли 180 миллион амалӣ мегардад. То ҳол 29 навъи истеҳсол оғоз шуда беш аз 1,7 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил ёфтааст. Ширкатҳое, ки дар ин минтақа кор мекунанд, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 3,3 миллион доллар маҳсулот ба хориҷа содир карданд.

манбаъ: Regnum

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ