Варзиш

Оксана Чусовитина дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Париж пирӯз шуд

Оксана Чусовитинаи 44-сола, варзишкори ифтихории Ӯзбекистон дар мусобиқаи FIG World Challenge Cup, ки дар Париж баргузор шуд, барандаи медали тилло шуд.Чусовитина дар мусобиқаи ҷаҳиш бо касби 14.300 имтиёз ғолиб шуд. Сару Петери маҷористонӣ ва Франческу Сантии чилигӣ паллаҳои дувум ва савумро дарёфт карданд.Индира Ӯлмасова, варзишкори дигари Ӯзбекистон дар ин мусобиқа ҳаштум шуд.Оксана Чусовитина соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои Австралия, Чин ва Озарбойҷон ҷойҳои дувумро касб карда буд.Ӯ дар таърихи варзиш ягона намояндаест, ки дар 7 бозии Олимпиадаи тобистонӣ (солҳои 1992, 1996, 2000, 2008, 2012 ва 2016) ширкат кардааст.Соли 2017 Чусовитинаро ба Толори ифтихории байналмилалии гимнаситика дохил карданд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ