Ӯзбекистон

Паҳлавонҳои беҳтарин соҳиби «Спарк» гардиданд

Дар амфитеатри Мӯъҷизаи шаҳри Самарқанд бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти мамлакат ва 6-уми сентябр – Рӯзи намуди варзишии гӯштии миллӣ оид ба намуди гӯштии миллӣ барои ҷоизаи ҳокими вилоят мусобиқаи байналхалқӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 3 ҳазор нафар тамошобин ҳозир буданд. Дар мусобиқа аз ҷумҳуриятҳои Индонезия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва вилоятҳои мамлакат зиёда аз 60 нафар гӯштигирон дар вазнҳои 73 кг., 90 кг. ва аз 90 кг. боло қув¬ваозмоӣ карданд. Дар тоифаи вазни 73 кг. Раҳматулло Нуриддинбеков (вилояти Андиҷон) ҷойи якум, Умед Эсонов (Навоӣ) ҷойи дуюм, Аскар Хайруллоев ва Сардор Каримов (Самарқанд) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар вазни 90 кг. Муҳаммадалӣ Шамсиддинов (вилояти Самарқанд) ҷойи якум, Шермуҳаммад Ҷандриев (Сурхон¬дарё) ҷойи дуюм, Азамат Мӯъминов (Андиҷон) ва Рӯзибой Нарзуллоев (Самарқанд) ҷойи сеюмро гирифтанд. Дар вазни беш аз 90 кг. Болтабой Болтаев (вилояти Хо¬разм) ҷойи якум, Нурбек Тӯраев (Бухоро) ҷойи дуюм, Ше¬ралӣ Ҷӯраев (Қашқадарё) ва Ҳусниддин Ҳусанов (Сирдарё) ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Ба се нафар ғолиб шоҳҷоизаи мусобиқа – калиди авто¬мобилҳои “Спарк” супорида шуд. Инчунин, варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба даст оварданд бо диплом, тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон ва Федератсияи гӯштии Ӯзбекистон мукофотонида шуданд. Дар мусобиқа ҷонишини раиси Федератсияи гӯштии Ӯз¬бекистон Комилҷон Юсуфов ва раиси Федератсияи гӯштии Қазоқистон Баҳром Мӯъминов иштирок карданд. Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ