Ӯзбекистон

Ба Маркази байналхалқӣ 5500 адад китоб оварда шуд

Дар китобхонаи Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ тақдимоти китобҳои маҳфуз ва нав овардашуда баргузор гардид. Роҳбари давлатамон 11-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми ташрифи худ ба вилоятамон бо фаъолияти Маркази илмиву байналхалқии тадқиқотии Имом Бухорӣ аз наздик шинос гардида, доир ба таъмин намудани хазинаи китобхонаи марказ ва Мактаби илми ҳадис бо адабиёти хориҷии самти мутахассисӣ супоришҳо дода буд.
Й– Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо аз ҷониби Девони Вазирон 24-уми июни соли 2019 қарор оиди таъмин намудани хазинаи китобхонаи марказ ва Мактаби илми ҳадис бо адабиёти хориҷӣ қабул карда шуд, – гуфт директори Маркази илмиву тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ Ш. Зиёдов. – Дар асоси он 13-26-уми июли соли ҷорӣ гурўҳи корӣ, ки аз олимони исломшинос ва шарқшинос иборатанд, ба Миср ва Туркия рафта, 5500 адад асарҳои илмӣ, адабӣ, бадеӣ, таърихиро таҳти 1000 номгўй оварданд. Қисми асосии ин китобҳоро асарҳои алломаҳои диёрамон, мисли Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Маҳмуд аз-Замахшарӣ ташкил медиҳанд. Хусусан, факсимилеҳои Мусҳафи усмонии Қуръони Карим, ки ба асри VII оид аст, «Саҳеҳи Бухорӣ», ки дар асри XI рўйбардор гардидааст, оварда шуд. Ғайр аз ин, қомус, донишнома, луғат ва манбаъҳои пурқимати ба забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ навишташуда низ дар китобхонаи марказӣ ҷой гирифтанд. Дар давоми сафари гурўҳи корӣ ба хазинаи китобхонаи марказӣ аз ҷониби Маркази тадқиқи таърих, санъат ва маданияти исломи Ташкилоти ҳамкории исломӣ (IRCICA) қариб 500 адад, аз ҷониби Институти тадқиқи асарҳои дастнависи Туркия нусхаҳои факсимилеи қариб 100-то асари дастнависи нодир, инчунин, аз тарафи факултети илоҳиёти Донишгоҳи Мармара қариб 200-то на-тиҷаи илмиву тадқиқотӣ оиди илмҳои ҳадис, тафсир, таърихи ислом, фиқҳ ва калом, ки олимони исломшинос нашр намудаанд, тўҳфа карда шуд. Дар тақдимот доир ба мазмуну моҳият, аҳамияти илмии китобҳои нави овардашуда, ғояҳои наҷиби асарҳо маълумот дода шуда, таъкид гардид, ки хазинаи китобҳои мазкур ба тадқиқгарони маркази байналхалқӣ барои амиқ омўхтан ва тадқиқ намудани мероси илмии алломаҳои бузург хизмат хоҳад кард. Иштирокдорони тадбир бо манбаъҳои дастнавис ва асарҳои нодири марказ низ аз наздик шинос гардиданд
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ