Ӯзбекистон

Ҳаҷми захираҳои тилло ва валютаи Ӯзбекистон афзоиш ёфт

Бонки миллии Ӯзбекистон афзоиши захираҳои тилло ва валютаи кишварро маълум кард.Дар оғози моҳи сентябр ҳаҷми ин захира ба 28,45 миллиард доллар расид. 12,11 миллиард доллари он захираи валюта ва 15,97 миллиарди он тилло мебошад.Ёдовар мешавем, ки захираҳои тилло ва валютаи Ӯзбекистон дар оғози моҳи август 27,72 миллиард доллар, аз ҷумла, 12,28 миллиард доллар валюта ва баробари 15,08 миллиард доллар тилло буд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ