Варзиш

Соли 2020 Ўзбекистон мезбони Ҷоми футболи Осиё дар миёни ҷавонон мешавад

Соли 2020 Ӯзбекистон ба мусобиқаи Ҷоми Осиё дар миёни футболбозони зери синни 19 мезбонӣ мекунад. Рӯзи гузашта дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия кумитаи мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ҷаласаи худро баргузор кард. Кумита аз миёни кишварҳое, ки мезбонии худро ба мусобиқаи зикршуда пешниҳод карда буданд, Ӯзбекистонро барои баргузории он интихоб кард.Қабл аз ин дар солҳои 2008 ва 2010 дар Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми Осиё дар миёни ҷавонони зери синни 16 барпо шуда буд.Ҷоми Осиё дар миёни ҷавонон соли 2020 рӯзҳои 14-31-уми октябр бо ширкати 16 кишвар барпо мегардад. Чор ҷамоаи миллӣ, ки ба даври ниманиҳоӣ мерасанд, ба мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳони соли 2021 роҳӣ хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, ки Отабек Ғуломхӯҷаев сармураббии ҷамоаи миллии ҷавонони зери синни 19-и Ӯзбекистон мебошад. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ