Асосӣ

Қаҳрамони Ӯзбекистон

Ба 80-солагии зодрӯзи сарвари шӯъбаи самарқандии Хазинаи ҷамоатии «Нуронӣ» Ҳасан Нормуродов


Бо фармони мӯҳтарам Президентамон,
Гаштаӣ соҳиб ба номи Қаҳрамон.
Паҳн шуд ин хушхабар дар баҳру бар,
Шод аз он гаштанд ёрон бештар.
Роҳбари омӯзгорон будӣ дӯш,
Боғбони боғи ирфон будӣ хуш.
Сарвари «Нуронӣ»-и моён шудӣ,
Дастгири аслии пирон шудӣ.
Доим аз аҳволи пирон бохабар,
Меҳрубон ҳастӣ барошон чун падар.
Тозарӯю тозавиҷдон ҳастӣ ту,
Аз футӯҳи халқ шодон ҳастӣ ту.
Хоксори хоксорон ҳастӣ ту,
Дар тани пирони мо ҷон ҳастӣ ту.
Хушдилу дилёбию хушсуратӣ,
Хушгапу хушфеълию хушсиратӣ.
Дорӣ пиронро зи ҷонат дӯсттар,
Дар ғами онҳо нахобӣ то саҳар.
Дар миёни мардумӣ боэҳтиром,
Чун Зарафшон ғайратат ҷӯшад мудом.
Сӯйи пирон чун кабӯтар мепарӣ,
Тӯҳфаҳо бар ҷашни эшон мебарӣ.
Меҳри ту чун шамс дар олам бувад,
Аз ту ҳар нуроние хуррам бувад.
Баски беҳад дилсафеду дилбарӣ,
Аз ту омӯзем мо одамгарӣ.
Ифтихори Каттақӯрғон ҳастӣ ту,
Қаҳрамони Ӯзбекистон ҳастӣ ту.
Дидаӣ рухсораи ҳаштодро,
Хоҳам ин, ки бинӣ ду ҳаштодро!
Аз дилу ҷон бар ту аҳсан, ҷон Ҳасан,
Дар Самарқанди чу гулшан қанд зан!..
Салим КЕНҶА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ