Ӯзбекистон

Дар назди канали қаиқронии Самарқанд бунёди маркази сайёҳӣ оғоз гардид


Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи ташрифи ба вилояти Самарқанд, ки рӯзи 26-уми июл ба амал омад, бо мақсади ривоҷ додани салоҳияти сайёҳии Самарқанд дар назди канали қаиқронии Самарқанд барои бунёди маркази сайёҳӣ тавсияҳои муҳим дода буд.

Ба ҳамин муносибат имрӯз дар атрофи канали қаиқронии ноҳияи Самарқанд сохтмони маркази анҷуманҳо, меҳмонхона, сайргоҳҳо, мавзеъҳои шиноварӣ, ҷазирачаҳои сунъӣ, ресторанҳо оғоз гардид.
Назар ба маълумотҳо барои марказ 360 гектар майдон ҷудо гардида, дар 80 гектари он сохтмони маркази анҷуманҳо, меҳмонхона ва объектҳои дигар дар назар аст.



Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ