Ӯзбекистон

Истеҳсоли автомобилҳои сабуки Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш аст

Бино ба додаҳои кумитаи омори Ӯзбекистон, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар кишвар истеҳсоли автомобилҳои сабук афзоиш ёфт.Дар моҳҳои январ-августи соли равон 172 ҳазору 748 дона автомобили сабук истеҳсол шуд. Ин дар ҳолест, ки дар муддати мушобеҳи соли гузашта 115 ҳазору 542 дона автомобил тавлид шуда буд. Афзоиши тавлиди автомобилҳои сабук дар ин давр ба 49,5 дарсад расид. Дар зимн, истеҳсоли автомобилҳои боркаш 40,5 дарсад рушд кард. Соли гузашта дар моҳҳои январ-августи соли гузашта 2 ҳазору 455 дона ва имсол 3 ҳазору 450 дона автомобили боркаш истеҳсол гардид.Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои Ӯзбекистон 131 ҳазору 007 дона муҳаррики (мотор) автомобил тавлид карданд. Тавлиди муҳаррикҳо дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 53,4 дарсад афзоиш ёфт.Дар ин муддат ҳамагӣ 983 дона трактор тавлид шуд. Коҳиши истеҳсоли тракторҳо дар 8 моҳ 60,4 дарсад буд. манбаъ: kun.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ